Паёми табрикии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Эрдоган
(last modified Mon, 29 May 2023 13:24:10 GMT )
Май 29, 2023 18:24 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Эрдоган
    Паёми табрикии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Эрдоган

Раиси Ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Марказӣ пирузии Реҷеп Тайип Эрдоган дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия табрик гуфтанд.

Реҷеп Тайип Эрдоган раиси ҷумҳур ва номзади ҳизби адолат ва тавсеъа дируз якшанбе дар даври дувуми интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия пируз шуд ва барои севумин бор ва ба муддати 5 сол раёсати ҷумҳуриро тасоҳуб кард.

Сарони кишварҳои ҷаҳон пирузии Эрдоганро ба вай табрик гуфтанд оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз эъломи пирузии ҳамоти турки худ дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия дар паёми ба Реҷеп Тайип Эрдоган табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози этминон кард, ки дар даври пеширу равобити дустонаи Теҳрон-Анкараро бар пояи пайвандҳои мустаҳками таъирихи, фарҳангӣ, динӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва манофеъи муштараки ду миллат беш аз пеш тақвияти хоҳад шуд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамсу бо дигар кишварҳои ҷаҳон барои Эрдоган паёми табрик ирсол карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар тамоси телефони пирузии Эрдоганро ба вай табрик гуфт.

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон мушорикати болои ҳимояти райдиҳандагонро нишонаи ҳимояти марудми аз сиёсатҳои Эрдоган донист.

Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар паёми ки дар фесбук мунташир кард пирузии номзади ҳизби ҳокими Туркияро табрик гуфт.

Ҷаборов интихоботи ахир дар Туркияро намунаи аз интихоботи озод, рақобати ва демократи тавсиф кард.

Қосим Жормат Тоқаев раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар твиттери зимни табрики интихоби муҷадади Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони раиси Ҷумҳурии Туркия бар зарурияти густариши ҳамкориҳои стратежикии ҳамаҷонибаи Қазоқистон Туркия таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми зимни табрик ба Эрдоган райи мардуми Туркия ва номзади ҳизби ҳокимро нишонаи эътимоди райдиҳандагони турк донист.

Сардор Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳурии Туркманистон ва Қурбонқули Бердимуҳаммадов раиси маҷлиси ин кишвар низ бо ирсоли паёмҳоӣ пирузии Эрдоганро аз тарафи давлат ва мардуми ин кишвар табрик гуфтанд.

Комисяи интихоботи Туркия мизони мушорикат дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳуриро 84.57 дарсад эълом кард бар асоси охирин гузоришҳо дар райгирии дируз Эрдоган 52.14 дарсад ва райи Камол Қеличдор Уғулу рақиби давлат 47.86 дарсад аз кулли райро тасоҳуб кард.