Самарқанд мизбони нишасти мақомоти қирғиз ва узбек барои таъйини ҳудӯди марзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i102984-Самарқанд_мизбони_нишасти_мақомоти_қирғиз_ва_узбек_барои_таъйини_ҳудӯди_марзӣ
Музокироте байни ҳайатҳои Қирғизистону Узбекистон барои таъйини ҳудӯди марзӣ баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 31, 2023 10:45 Asia/Dushanbe
  • Самарқанд мизбони нишасти мақомоти қирғиз ва узбек барои таъйини ҳудӯди марзӣ

Музокироте байни ҳайатҳои Қирғизистону Узбекистон барои таъйини ҳудӯди марзӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар шаҳри Самарқанд музокироте байни ҳайатҳои давлати Қирғизистону Узбекистон дар мавриди таъйини марзи ду кишвар баргузор шуд.

Дар музокирот, ҷаласоти коргурӯҳҳо ва аввалин ҷаласаи Камиссиюни муштараки таъйини ҳудӯди марзӣ баргузор шуд.

Дар ин нишаст натоиҷи баррасиҳои майдонии муштарак дар бахшҳои хосе аз марзи ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи ҷаласаи Камиссиюни муштараки хаткашӣ, тарафайни асноди қонӯнӣ ва фаннии таъйини марзҳои кишварро тасвиб карданд.

Ҳамчунин дар марзи ду кишвар 3 истибозрасӣ ба зуддӣ кори худро аз сар хоҳанд гирифт.