Декабр 23, 2016 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Қирғизистон бар тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Қирғизистон бар тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи ду кишвар ва зарурати иҷрои Барномаи баландмуддати даҳсолаи ҳамкории Теҳрон - Бишкек таъкид карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа дар музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Қирғизистон дар Бишкек бо баёни ин ки Эрон барои тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақа аҳамияти зиёде қоил аст, гуфт: “Эрону Қирғизистон бояд барои тавсеаву тақвияти ҳамаҷонибаи муносиботу ҳамкориҳои ду кишвар монеаҳои мавҷудро бартараф ва имтиёзҳои лозимро ироа кунанд”.

Раиси ҷумҳурии Эрон тавсеаи равобит миёни манотиқи озоди Эрону Қирғизистон, аз ҷумла манотиқи озоди Бишкеку Сарахсро дар густариши равобити тиҷориву иқтисодии ду кишвар муҳим унвон кард.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар муборизаи ҳамаҷониба бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа афзуд: “Эрон мухолифи ҳар гуна ифротгарӣ аст ва омодагӣ дорад таҷрибаҳои худ барои мубориза бо терроризм дар минтақаро дар ихтиёри кишварҳои дӯст, ба вижа Қирғизистон қарор диҳад”.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин нишаст гуфт, Теҳрону Бишкек равобиту ҳамкории хубе дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва муносиботи дуҷонибаву минтақаӣ доранд.

Алмосбек Отамбоев ҳамчунин бар ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Эрону Қирғизистон ва ҳимоят аз бахшҳои тиҷориву хусусӣ ва сармоягузорону фаъолони иқтисодии ду кишвар таъкид карду афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаву қочоқи маводи мухаддирро дорои аҳамият донист.

 

Барчасп