Июн 12, 2023 20:28 Asia/Dushanbe
  • Оташзадани хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон
    Оташзадани хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон

Толибон хонаи сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро дар Панҷшер оташ зад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник пас аз суқути Панҷшер иқоматгоҳи сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба дасти Толибон афтод ва ба муқарари низомии ин гуруҳ табдил шуд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар бо тайиди ин хабар гуфт ки оташсузи соати 6 субҳи 11 июни  дар минтақаи Панҷшер оғоз шуд.

Вай афзуд: Ин хона ирси падарам аст ки дар соли 1998 бо кумаки молии 4.5 ҳазор долларии Аҳмадшоҳи Масъуд онро бозсози кардем.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт: Як хона мумкин аст дар оташ бисузад аммо руҳ ва иродаи мо намесузад. 

Хонаи Муҳаммадзоҳир Ағбар пас аз суқути дараи Панҷшер ба дасти Толибон афтод ва дар сентябри соли 2021 ба мақари низомии ин гуруҳ табдил шуд ва фармондеҳи ба номи Саёд бо афродаш дар онҷо зиндагӣ дошт.

Муҳаммадзоҳир Ағбар мегуяд Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро метавон сузонда аммо руҳияи муқовимат дар баробари зулми терроризм шикастнопазир аст аммо ин танҳо мавриди оташзадани хонаи мухолифон дар Панҷшер нест дар моҳи январи соли ҷорӣ манзили Фазл Аҳмади Маънавӣ вазири адлияи давлати гузашта ва аз раҳбарони ҷебҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба оташ кашида шуд.

Барчасп