Июн 19, 2023 18:26 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии  Федероли Олмон ба Қазоқистон
    Сафари раиси Ҷумҳурии Федероли Олмон ба Қазоқистон

Раиси Ҷумҳурии Федероли Олмон ба ҳадафи гуфтугу дар бораи масоили дуҷониба ва баррасии роҳҳои рушди равобит дар сафари серуза вориди Қазоқистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузориии Ой Ки Ойи Қазоқистон  Франк-Вальтер Штайнмайер раиси Ҷумҳурии Федероли Олмон ирмуз 19 июн вориди Қазоқистон шуд ва то 21 ҳамин моҳ дар ин кишвар ҳузур дорад.

Дар барномаи кории Штайнмайер дидор бо Қосим Жормат Токаев ҳамоти қазоқӣ гунҷонда шуда аст.

Сарони ду кишвар зимни баррасии вазъияти чашмандози тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии Қазоқистон ва Олмон, густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рушди таъомулоти ҳамлу нақл, лаҷестики ва энержиро дар дастури кори ду кишвар қарор хоҳанд дод.

Барчасп