Азми Қирғизистон ва Қазоқистон бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ
(last modified Mon, 26 Jun 2023 16:21:29 GMT )
Июн 26, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Азми Қирғизистон ва Қазоқистон бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ
    Азми Қирғизистон ва Қазоқистон бар афзоиши мубодилоти тиҷорӣ

Қирғизистон ва Қазоқистон дар мавриди афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар ба сақфи 2 миллиард доллар тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Нурлонбек Шокиев раиси парлумони Қирғизистон дар сафари расми ба Қазоқистон бо Мулон Ошимбоев раиси сенои ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ байни ду кишвар барраси шуд ва тарафайн дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои парлумонӣ табодули назар карданд.

Шокиев ва Ошимбоев равобити тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷонибаро низ барраси карданд.

Раиси маҷлиси сенои Қирғизистон низ масъалаи эътои мазоё ба шаҳрвандони қирғизи шоғил дар ин кишварро бар асоси тавофуқномаи байни иёлатии мунъақидшуда дар соли 2021 дар ҳоли барраси аст.