Нобудии беш аз ду тон маводи мухаддир дар Узбекистон
(last modified Tue, 27 Jun 2023 09:02:31 GMT )
Июн 27, 2023 14:02 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон ба муносибати рӯзи байни алмилалии мубориза бо маводи мухаддир беш аз ду тон маводи мухаддирро нобуд кард
    Узбекистон ба муносибати рӯзи байни алмилалии мубориза бо маводи мухаддир беш аз ду тон маводи мухаддирро нобуд кард

Масъӯлони Узбекистон беш аз ду тон маводи мухаддирро дар шаҳри Тошканд-пойтахти ин кишвар аз байн бурданд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, масъӯлони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар ноҳияи  " Янги ҳаёт "и шаҳри Тошканд ба муносибати рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ( 26 июн ) 2 тону 51 килограм маводи мухаддирро нобуд карданд .

Маводи мухаддири Афғонистон асосан аз тариқи Тоҷикистону Қирғизистонворид Узбекистон мешавад . Маҳмӯлаҳои маводи мухаддир аз ҷанубу шарқ ба манотиқи  Самарқанд ва Сирдарё, аз шимолу шарқ ба водии Фарғона  вилояти Тошканд ва аз тариқи рӯдхонаи Амударё мустақиман аз Афғонистон ба вилояти Сурхондарё ворид мешавад.

Дар ин замина дафтари мубориза бо маводи мухаддиру ҷароими Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар гузоришии ҷадиди худ Афғонистонро ба яке аз тавлидкунандагони умдаи шиша ( Метамфетамин) эълом кард . Ин кишвар ҳамчунин дар соли гузашта 80 дарсади тирёки ҷаҳонро тавлид кардааст .
Дар соли 2022 милодӣ 99 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба ҷурми қочоқи ғайриқонӯнии маводи мухаддир ва равонгардон дар хоки Узбекистон дастгир шуданд, ки дар байни онҳо шаҳрвандоне аз Фаронса, Амрико, Туркия, Афғонистон ва тоҷикистонӣ ҳастанд .
Дар паи ҳукми мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода-раҳбари Толибони Афғонистон дар бораи мамнӯъияти кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир масъӯлони афғон талошҳоеро барои мубориза бо маводи афюнӣ оғоз кардаанд ; аммо барои таъмини ин ҳадаф роҳи тӯлонӣ дар пеш аст .

Бештар бихонед :