Июн 30, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Зилзила дар манотиқи марзии Афғонистону Тоҷикистон
    Зилзила дар манотиқи марзии Афғонистону Тоҷикистон

Иззуддин Аҳмадӣ, раиси иттилооту фарҳанги вилояти Бадахшон дар Афғонистон дирӯз - панҷшанбе эълом кард, зилзилае соати 9: 30 субҳ ин вилоятро такон додааст.

Масъулони маҳаллии Бадахшон дар Афғонистон эълом карданд, ки зилзилаи нисбатан шадиде ин вилоятро такон додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, раиси иттилооту фарҳанги вилояти Бадахшон дар ин хусус идома дод, ин заминларза марказ ва бархе шаҳристонҳои ин вилоятро такон додааст.

Ба гузориши Маркази зилзиланигории Амрико, ин зилзила бо қудрати 5 дараҷа дар миқёси Риштер, манотиқи марзии Афғонистону Тоҷикистон дар вилояти Бадахшонро такон додааст.

Ин зилзила дар умқи 128 километрии замин, дар 34 километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон рух додааст.

То кунун аз талафоту хисорати эҳтимолии ин заминларза итилое дар даст нест.

Ҳамчунин мақомоти давлати муваққати Толибон дар Афғонистон ҳам то кунун дар ин хусус баёнияе содир накардаанд.

 

Барчасп