Интиқомҷӯиҳои давлати Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Sun, 23 Jul 2023 16:29:14 GMT )
Июл 23, 2023 21:29 Asia/Dushanbe
  • Фишори Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон бо таҳдиди таҳрим
    Фишори Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон бо таҳдиди таҳрим

Дар ростои сиёсатҳои султагаронаву якҷонибагароёнаи Амрико дар ҷаҳон, ин кишвар чаҳор ширкати қирғизиро ба баҳонаи ҳамкорӣ бо Русия дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.

Дар ҳамин иртибот, дар баёнияи Вазорати хазонадории Амрико омадааст, ин иқдомот дар ростои тааҳҳудоти сарони гуруҳи ҳафт дар нишастҳои 24 феврал ва 19 майи 2023 дар дастури кор қарор гирифтааст, ки бар асоси он давлати Амрико мекӯшад то дастрасии Русияро ба маҳсулоте, ки боиси афзоиши қобилиятҳои низомии ин кишвар мешаванд, маҳдуд кунад ва даромади Маскавро аз бахшҳои филизӣ ва маъданӣ коҳиш диҳад.

Вазорати хазонадории Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, чаҳор ширкатҳои қирғизӣ, фанновариҳои ду манзураро, ки коркарди низомӣ ҳам доранд, дар ихтиёри Русия қарор додаанд. Дар ин замина, рӯзномаи Вашингтон-пост низ навишт, давлати Ҷо Байден қасд дорад бо иқдомоти иқтисодии ҷадид, Қирғизистонро барои таваққуфи тиҷорат бо Русия ва давр задани таҳримҳо таҳти фишор қарор диҳад. Ин нашрия муддаӣ шуд, як системаи пинҳон дар Осиёи Марказӣ барои арзаи фанновариҳои мамнуа ба Русия созмондеҳӣ шудааст.

Табиист, ки иқдоми сиёсатмадорони амрикоӣ алайҳи кишварҳои заифтар ба маънои он аст, ки раҳбарони Кохи Сафед талош доранд то бо боздоштани кишварҳои ҷаҳон барои тиҷорат бо Русия, аз ҳузури ин кишвар дар тиҷорати ҷаҳон бикоҳанд. Дар муқобил, иҷрои ин сиёсатҳо ба маънои он аст, ки Амрико ба таҳти фишор қарор додани иҷбории кишварҳои ҷаҳон, талош мекунад ҳамчунон ба унвони як абарқудрат дар қарни бистуякум боқӣ бимонад. Дар ин росто, таҳрими кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон наметавонад Амрикоро ба аҳдофи султагарона дар ҷаҳон бирасонад.

Дар нахустин вокуниш ба иқдоми Амрико, Димитрий Песков, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия эълом кард: «Маскав ба таҳдидҳои Вашингтон алайҳи Бишкек посух хоҳад дод». Ин мақоми рус ҳамчунин гуфт: «Қирғизистон шарику муттаҳиди наздики Русия аст ва мо дар назар дорем равобити дуҷонибаро бо ин кишвар дар заминаҳои мухталиф густариш диҳем».

Дар ин шароит, он чӣ мусаллам аст, ин ки таҳримҳои Амрико асароти чандоне бар иқтисоди Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар ҷой нахоҳад гузошт. Дар муқобил, агар рӯзе Русия ба таҳрими ҳар кадом аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иқдом кунад, ин даста аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон маҳкум ба нобудӣ хоҳанд буд. Зеро илова бар ин ки тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия дар сатҳи бисёр қобили таваҷҷуҳе қарор дорад, балки миллионҳо тан аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои имрори маоши худу хонаводаашон маҷбур ба иштиғол дар Русия ҳастанд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин раванд зинафъ ҳастанд. Табиӣ аст, ки ин вобастагӣ муҷиб мешавад, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамсӯӣ бо Амрико тардид дошта бошанд. Зеро ин ҳамсӯӣ наметавонад хисоратҳои иқтисодии ин кишварҳоро ҷуброн кунад.

Дар ҳамин замина, сафорати Қирғизистон дар Вашингтон бо интишори баёнияе эълом кард: “Қирғизистону Русия аз аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва ба таври куллӣ Русия яке аз шуракои аслии тиҷории давлати Бишкек аст. Беш аз як миллион аз шаҳрвандони қирғиз дар Русия кор мекунанд".

Ҷенбек Кулибоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон низ дар шабакаи телевизионии "Рӯсия - 1" дар посух ба саволе дар бораи таъсири таҳдиди таҳримҳои сонавия бар равобити байни кишварҳо гуфтааст: «Бишкек ҳеҷ монее барои ҳамкорӣ бо Русия намебинад ва бар асоси он манофеи худашро ҳидоят мекунад».

Дар ҳамин иртибот, бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ муътақиданд, бар хилофи Қазоқистону Узбакистон, иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон ба шиддат ба Русия вобаста аст. Ба бовари ин даста аз коршиносон, Русия борҳо нишон додааст, ки метавонад бо эъмоли фишори фаврӣ бар муҳоҷирон, иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро ба зонӯ дароварад. Ба сурати расмӣ беш аз сӣ дарсад ва дар амал беш аз ниме аз тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон ба воситаи пули муҳоҷирон шакл мегирад ва кофӣ аст масъулон дар тасмимгирӣ барои узвият ё адами узвият, таҳримҳои Ғарбро интихоб кунанд.

Дар маҷмуъ, иқдоми Амрико дар таҳрими чаҳор ширкати қирғизистонӣ нахустин иқдоми Амрико барои маҳдудсозӣ ва байкоти ширкатҳои ин кишвар нест ва дар оянда низ идома хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки фишорҳои Амрико бар ширкатҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ наметавонад монеи ҳамкории ин ширкатҳо бо Русия шавад. Зеро Русия аҳромҳои фишори мутааддиде барои фишор бар ин кишварҳо, ба вижа Қирғизистон дар ихтиёр дорад. Дар натиҷа, раҳбарони тангназари Амрико ва муттаҳидонаш наметавонанд дар ин минтақа иқдом ба худнамоӣ кунанд.