Август 12, 2023 19:29 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси САҲА ба Қазоқистон

Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Қазоқистон, чолишҳои пеши рӯи кишварҳои Осиёи Марказиро "чолишҳое бузург" тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Буяр Усмонӣ, раиси САҲА, ки ба Қазоқистон сафар кардааст, гуфт, вазъияти Афғонистон ҳамчунон бар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад.

Усмонӣ аз тарҳҳои ояндаи САҲА барои минтақаи Осиёи Миёна дар бахши энержӣ, маводи маъданӣ ва мудирияти об сухан ба миён оварад ва "ҳамкории минтақаӣ барои убӯр аз ҳамаи ин чолишҳоро бисёр муҳим" хонд.

Вай идома дод, "кулли минтақаи таҳти пӯшиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо даврони бисёр сахту мубҳамеро пушти сар мегузорад. Бинобар ин, ҷанг дар Украина бояд поён ёбад. Пас аз поёни ҷанг, метавонем ҳамкории наздиктаре барқарор кунему посухи минтақаӣ эҷод кунем."

 

Барчасп