Ҷои холии духтарон дар имтиҳони саросарии дахилшавӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i106438-Ҷои_холии_духтарон_дар_имтиҳони_саросарии_дахилшавӣ_дар_Афғонистон
Имтиҳони саросарӣ дар Афғонистон, дирӯз (ҷумъа) бидуни ҳузури духтарон баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 19, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷои холии духтарон дар имтиҳони саросарии дахилшавӣ дар Афғонистон

Имтиҳони саросарӣ дар Афғонистон, дирӯз (ҷумъа) бидуни ҳузури духтарон баргузор шуд.

Ҳамзамон бо ду солагии ҳукумати Толибон ва ваъдаҳои онҳо барои фароҳам кардани заминаи бозгашти дубораи духтарон ба мадорису донишгоҳҳо ин ваъдаҳо, аммо муҳаққақ нашуда ва духтарони афғон ҳамчунон аз ҳаққи омӯзиш маҳрум ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, масъулони Идораи имтиҳоноти Афғонистон эълом карданд, ки озмӯни саросарии дирӯз (ҷумъа) бо ҳузури 100 ҳазорнафар дар ин кишвар бидуни ҳузури довталабони духтар баргузор шуд. Ин мавзу бо эътирози густарда рӯбарӯ шудааст.