Октябр 08, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Омори ҷонбохтагони заминларзаи Афғонистон аз ду ҳазор нафар гузашт

Шумори ҷонбохтагони заминларзаи 6.3 риштерии рӯзи гузашта дар вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон аз ду ҳазор нафар гузашт.

Ҷонон Соиқ, сухангӯи Толибон дар умӯри расидагӣ ба ҳаводиси рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси охирин омор, ду ҳазору 53 тан дар заминларзаи рӯзи гузашта дар Ҳирот ҷон бохта ва беш аз 9 ҳазор нафари дигари захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, бештари қурбониёни ин заминларза дар 13 рӯстои вилояти Ҳирот ҳастанд. Соиқ гуфт, як ҳазору 320 хона бар асари ин зилзила вайрон шудааст.

Толибон эълом кард, ин маргбортарин заминларза дар ду даҳаи ахири Афғонистон будааст.

Абдулваҳид Роён, сухангӯи вазорати иттилооту фарҳанги Толибон ҳам гуфт, талафоти заминларза дар Ҳирот бештар аз он чизе аст, ки дар ибтидо гузориш шуда буд. Вай зимни дархости кумаки фаврӣ гуфт, ҳудӯди шаш рӯсто вайрон шуда ва садҳо ғайринизомӣ дар зери овор мадфун шудаанд.

Созмони милал низ дар бораи ин мавзӯ гуфт, мақомоти маҳаллӣ, пешбинӣ мекунанд, ки бо идомаи талошҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар миёни гузоришҳое мабнӣ бар маҳбӯс шудани бархе афрод зери сохтумонҳои фурӯрехта, теъдоди талафот афзоиш ёбад.

Бар асоси гузоришҳо, иртибототи телефонӣ дар Ҳирот қатъ шуда ва дарёфти ҷузъиёт аз манотиқи осебдида душвор аст. Видеоҳои мавҷӯд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам садҳо нафарро дар хиёбонҳо дар хориҷ аз хонаҳо ва идороти худ дар шаҳри Ҳирот нишон медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, рӯзи шанбе заминларзае ба бузургии 6.3 риштери шимоли ғарбии Афғонистонро ларзонд. Ин заминларза дар Тоҷикистону Эрон низ эҳсос шуд.

Июни 2022 ҳам заминларзаи қавӣ минтақае кӯҳистонӣ дар шарқи Афғонистонро ларзонду хонаҳои сангӣ ва хиштиро вайрон кард, ин заминларза дастикам 1000 кушта ва ҳудӯди 1500 захмӣ барҷо гузошт.

 

Барчасп