Тавофуқи Узбекистону Русия барои густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ
Октябр 13, 2023 15:30 Asia/Dushanbe
Вазирони роҳу нақлиёти Узбекистону Русия дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаи нақлиёту боркашонӣ тавофуқ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Илҳом Маҳкамов-вазири роҳу нақлиёти Узбекистон дар ҳошияи сафари Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри ин кишвар ба Маскав бо Виталий Савельев-вазири роҳу нақлиёти Русия дидор кард.
Дар ин дидор барои афзоиши парвозҳои муназзами байни Тошканду Маскав тавофуқ шуд.
Тарафҳо ҳамчин бар афзоиши ҳаҷми нақлиёту боркашонии ҷодаӣ ва рейлии коло, густариши коридорҳои байналмиллалӣ аз ҷумла коридори « Узбекистон - Туркманистон – баҳри Хазар - Русия » ва афзоиши ҳамкориҳову табодули таҷрибаҳо дар ҳавзаи рақамисозии нақлиёту боркашонӣ таъкид карданд.
Барчасп