Дархости Қазоқистон дар бораи муттаҳид кардани долони Шимол - Ҷануб бо тарҳи “Камарбанд ва ҷода”
(last modified 2023-10-27T16:06:27+00:00 )
Октябр 27, 2023 21:06 Asia/Dushanbe
  • Таркиби долони Шимол - Ҷануб бо тарҳи “Камарбанд ва ҷода” –и Чин
    Таркиби долони Шимол - Ҷануб бо тарҳи “Камарбанд ва ҷода” –и Чин

Сарвазири Қазоқистон даъват кард, ки долони Шимол - Ҷануб бо тарҳи “Камарбанд ва ҷода” –и Чин муттаҳид шавад.

Коридори Шимол-Ҷануб натиҷаи иродаи Эрон, Русия ва Ҳинд дар соли 2000 барои эҷоди як долони ҳамлу нақли бор буд. Оҳиста-оҳиста дигар кишварҳо низ ба ин тарҳ ҳамроҳ шуданд.

Масири умумии интиқоли мол аз Ҳинд ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки аз канали Суэтс мегузарад, тақрибан 14500 километр тӯл мекашад, аммо масофаи долони Эрон ҳамагӣ 7200 километрро ташкил медиҳад, ки 40 дарсад замони транзит ва 30 дарсад хароҷоти боркашониро кам мекунад.

Ибтикори “Камарбанд ва ҷода” нақшаи сармоягузорӣ дар зерсохтори иқтисодии беш аз 70 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ва рушди ду масири тиҷории "Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим" ва "Шоҳроҳи Абрешими баҳрӣ" мебошад.

Ин лоиҳа дар маркази сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии Чин - Си Ҷинпин қарор дорад.

Раисҷумҳури Чин бори нахуст ин стратегияро дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон моҳи сентябри соли 2013 муаррифӣ карда буд. Дастгирии ин нақша иқтидори саноатӣ - иқтисоди Чин ва қудрати сармоягузории он мебошад.

 

Барчасп