Сафари вазири фарҳанг ва гардишгарии Чин ба Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i108568-Сафари_вазири_фарҳанг_ва_гардишгарии_Чин_ба_Узбекистон
Вазири фарҳангу гардишгарии Чин вориди Тошканди Узбекистон шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 29, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири фарҳанг ва гардишгарии Чин ба Узбекистон

Вазири фарҳангу гардишгарии Чин вориди Тошканди Узбекистон шуд.

Ҳадаф аз сафари вазири фарҳангу гардишгарии Чин, дидор бо мақомоти узбек ба муносибати даҳумин солгарди ибтикори «як камарбанд, як ҷода» ва таҳкими равобити дуҷониба дар ҳавзаи гардишгарӣ ва расондани теъдоди гардишгарони чинӣ ба як миллион нафар дар солҳои оянда унвон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Азиз Абдулҳакимов, вазири экологӣ, ҳифозат аз муҳити зист ва тағийроти иқлимии Узбекистон дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз ҳайати чинӣ ба сарпарастии Ҳо Ҳепин, вазири фарҳангу гардишгарии ин кишвар истиқбол кард.