Сафари муовини нахуствазири Узбакистон ба Афғонистон
Ҳайати тиҷорӣ ва иқтисодии Узбакистон ба сарпарастии Ҷамшед Хоҷаев-муовини нахуствазири ин кишвар ба Афғонистон сафар кард.
Ба гузориши Форс, ҳадаф аз ин сафар тавсеаи тиҷорати мутақобил, ёфтани роҳи ҳал барои мушкилоти транзитӣ байни ду кишвар ва ифтитоҳи Намоишгоҳи колоҳои Узбакистон дар Кобул аст.
Ин ҳайат дар фурудгоҳ мавриди истиқболи Нуруддин Азизӣ-вазири тиҷорати Толибон қарор гирифт.
Ин ҳайат шомили Исматуллоҳ Эргашев- намоянда вежаи раиси ҷумҳури Узбакистон дар умури Афғонистон,Илҳом Маҳкамов-вазири ҳамлу нақл,Иброҳим Абдурраҳмонов-вазири кишоварзӣ,Ҷурабек Мирзомаҳмудов-вазири энергетика ва дигар мақомоти Узбакистон ҳастанд.
Пеш аз ин як ҳайати 30 нафараи Узбакистон барои иртибот бо мақомоти Толибон ба Кобул рафта буд.
Дар он замон Толибон ҳадаф аз сафари мақомоти Узбакистонро густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Афғонистон ва Узбакистон унвон карда буд.