Таъкиди раисиҷумҳури Қирғизистон бар тавсеаи ҳамкориҳои транзитӣ дар минтақа
Раисиҷумҳури Қирғизистон бар тавсеаи ҳамкориҳои транзитӣ дар минтақа таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар нишасти сарони кишварҳои барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Боку гуфт, ин минтақа мавқеъияти геополитии мунҳасир бафарде дорад, ки фурсатҳои густардаеро барои тавсеаи масирҳои тронзитӣ, тиҷорату рушди иқтисодӣ фароҳам хоҳад кард.
Ҷабборов афзуд, заминаи муносиб барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз тариқи иртиқои тиҷорати байналмилалӣ, ҳамлу нақли трпнзитӣ, тавсеаи зерсохтҳо, муаррифии фанновариҳои диҷиталу якпорчагии минтақаӣ, фароҳам аст ва эҷоди танаввуъ дар кридорҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ барои Қирғизистон аз аҳаммияти фаровоне бархӯрдор аст.
Вай гуфт, дар ин замина пружаи роҳбурдии эҳдоси роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон барои Қирғизистону соири кишварҳои ҳамсояи минтақа аҳаммияти вижае пайдо мекунад, иҷрои ин абарпружа дар кӯтоҳтарин замони мумкин, минтақаро аз бунбасти ҳамлу нақли хориҷ ва ҳудӯди чаҳор миллиарднафарро ба ҳам муттасил мекунад, ҷуғрофиёи ҳамлу нақл аз Осиё аз тариқи Туркия ба Аврупо, Ховари Миёна, Эрон, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва шимоли Африқоро тарсим мекунад.