Давлати Қазоқистон истеъфо дод
(last modified Mon, 05 Feb 2024 13:37:30 GMT )
Феврал 05, 2024 18:37 Asia/Dushanbe
  • Давлати Қазоқистон истеъфо дод
    Давлати Қазоқистон истеъфо дод

Дафтари раёсати Ҷумҳурии Қазоқистони имруз душанбе аз истеъфои давлати ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, хабаргузории Козинфурм эълом кард ки Қосим Жормат Тоқаев раиси Ҷумҳурии Қазоқистони истеъфои давлати ин кишварро пазируфт барасоси банди 70 қонуни асосии ин кишвари Тоқаев тасмим ба пазириши истеъфои давлат гирифт.

Бар асоси фармони Тоқаев Алихон Исмоилов дигар сарвазир Қазоқистон нест ва вазоифи вай ба таври муваққат ба Руман Василович Искелёр вогузор шуд.

Аъзои давлати Ҷумҳурии Қазоқистон низ то тасвиби таркиби ҷадиди давлат ба анҷоми вазоифи худ идома медиҳанд.

Image Caption

Ба гузориши Влости Қазоқистон Алихон Исмоилов ками беш аз ду соли нахусти вазири Қазоқистон буд дар оғози соли 2022 ба далели нооромиҳои январ Қосим Жормат Тоқаев раиси Ҷумҳурии Қазоқистон давлати Аскар Муминро барканор ва Алихон Исмоиловро ҷойгузин вай кард.

Қарораст дар 7 феврал нишасти давлати Қазоқистон бо ҳузури раиси ҷумҳурӣ баргузор шавад. Дар ин ҷаласа кабинаи вазирон бояд гузориш аз корҳои анҷомшуда дар соли 2023 ироа диҳад.

Нашрияи интерентии дипломат чанд рузипеш гузориш додабуд ки давлати Қазоқистон ба иллати вокуниши заъиф ба зилзилаи 5 риштери ки моҳи гузашта дар ин кишвар омад ҳадаф интиқод ҳастанд.

Пеш аз ин низ давлати Қазоқистон ба иллати вуқуъи як оташсузи дар маъдани дар авохири моҳи октиябр ки мунҷар ба кушта ва захми шудани наздик ба 250 нафар шуда буд таҳти фишор ва интиқод буд.