Поёни бенатиҷаи нишасти СММ дар бораи Афғонистон
Дуввумин нишасти намояндагони вижаи кишварҳо бо мавзӯи Афғонистон ба мизбонии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Қатар бидуни натиҷа поён ёфт.
Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва симо, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дуввумин нишасти намояндагони вижаи кишварҳо дар умӯри Афғонистон дар Давҳа, пойтахти Қатар гуфт: Намояндагони вижаи кишварҳо бо пешниҳодҳои “арзёбии мустақили Афғонистон” дар мавриди мубориза бо терроризм, ташкили ҳукӯмати фарогир ва риояти ҳуқуқи башар дар Афғонистон мувофиқ буданд, аммо муътақиданд, ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар равобити худ бо Толибон ба “бунбаст” расидааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, намояндагони кишварҳо дар нишасти Давҳа иттифоқи назар доштанд, ки дар Афғонистон ҳукумати мардумӣ ташкил нашуда, бо терроризм муборизаи лозим сӯрат нагирифта ва вазъияти ҳуқуқи занон бадтар шудааст.
Гутерриш ҳамчунин дар бораи иллати ширкат накардани Толибон дар нишасти Давҳа гуфт, онҳо шароитеро матраҳ карданд, ки шабиҳи “ба расмиятшиносӣ” буд ва пазируфта нашудани шароиташон аз сӯи Созмони Милали Муттаҳидро баҳона барои ширкат накардан дар ин нишаст эълом карданд.
Нишасти ду рӯзаи Давҳа дар бораи Афғонистон бо ҳузури намояндагони 25 кишвари ҷаҳон бо мудирияти дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бидуни дастёбӣ ба натиҷа поён ёфт. Ин нишаст чанд ҳадафро дунбол мекард, ки яке аз онҳо таъйини намояндаи вижа аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон буд, ҳадафе, ки ба иҷмоъ нарасид ва намояндае барои ин кишвар таъйин нашуд.