Оғози раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар Эрон
(last modified Sun, 17 Mar 2024 12:14:05 GMT )
Март 17, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар Эрон

Ҳамзамон бо сеюмин рӯз аз раъйгирии ҳаштумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, раъйгирӣ аз атбои руси муқими Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, замони раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар Эрони имрӯз (якшанбе) аз соати ҳашт субҳ то соати 20 эълом шудааст.

Беш аз сад шаҳрванди рус дар сооти аввалия, раъйи худро дар толори ҳамоишҳои сафорати Русия дар Эрон ба сандӯқ андохтаанд.

Сафорати Русия дар Теҳрон, консулгариҳои Русия дар Исфаҳону Рашт ва ду макони таъйин шуда дар шаҳрҳои Бушеҳр ва Даштаббос мизбонии сандӯқҳои ахзи раъй аз шаҳрвандони рус дар Эронро бар ӯҳда доранд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи ҷумъаи гузашта оғоз шудааст.

Ин нахустин давраи интихобот дар таърихи Русия буда, ки ба муддати се рӯз дар ҳоли баргузорист.

Владимир Путин, Леонид Слутский, Николай Харитонов ва Владислав Даванков номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.