Июл 24, 2024 12:17 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистону Корея дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан гуфтугӯ карданд.

22 июл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Раис ва Мудири кулли иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея Ли Сеонг Хай баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор тарафайн дар хусӯси густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар ростои тавсеаи соҳаи роҳи оҳан баҳсу табодули назар карданд.