Шиори «Аллоҳу Акбар»-и ҷудокори тоҷик дар ҷараёни рақобат бо намояндаи режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-07-29T13:51:47+00:00 )
Июл 29, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Шиори «Аллоҳу Акбар»-и ҷудокори тоҷик дар ҷараёни рақобат бо намояндаи режими саҳюнистӣ

Як ҷудокори тоҷикистонӣ дар ҷараёни рақобат бо намояндаи режими саҳюнистӣ дар рақобатҳои Олимпии 2024 Порис, пас аз имтиёзгирӣ дар баробари ҳариф, ки мунҷар ба пирӯзии вай шуд шиори «Аллоҳу Акбар» сар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии «Факснюз», Нуралии Эмомалӣ, ҷудокори Тоҷикистони пас аз мусобиқа бо Баруч Шмаилов, намояндаи режими ишғолгари саҳюнистӣ дар даври якшонздаҳуми Олимпии Порис, аз даст додан бо ӯ худдорӣ кард. Эмомалӣ, ки пирӯзи ин мусобиқа шуд, барои анҷоми жестҳои марсум пас аз мусобиқа ба самти ҳариф нарафт ва аз тушак хориҷ шуд.

Бар асоси ин гузориш, ҷудокори тоҷикистонӣ пеш аз хурӯҷ аз тотомӣ бо боло бурдани «ангушти тавҳид» (ангушти сабоба), иборати “Аллоҳу Акбар”-ро ба забон овардааст.

Ҳамчунин дар давр қабл аз ин рақобат дар вазни минҳои 66 килограм низ варзишкори мағрибӣ аз даст додан бо намояндаи режими саҳюнистӣ худдорӣ карда буд.

Пеш аз ин низ Масъуд Резвон Идрис, ҷудокори алҷазоирӣ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва мухолифат бо оддисозии равобит бо режими ишғолгари саҳюнистӣ, ҳозир ба рақобат бо варзишкори намояндаи режими саҳюнистӣ дар вазни минҳои 73 килограм нашуд ва аз ин мусобиқот канор кашид.

33-юмин давраи Бозиҳои олимпии тобистонии 2024 аз панҷуми мурдод ба таври расмӣ бо баргузории маросими ифтитоҳияи оғоз ва 329 рӯйдод дар 32 риштаи варзишӣ бо ҳузури 10 ҳазору 500 варзишкор аз 184 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.

Рӯзномаи саҳюнистии Yedioth Ahronoth, чопи сарзаминҳои ишғолӣ пештар таҳрими варзишкорони ин режим аз сӯи бозикунони араб ва худдории онҳо аз рӯёрӯӣ бо бозикунони исроилӣ дар Бозиҳои олимпии 2020 Токиоро нишонаи шикасти оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо кишварҳои арабӣ дониста буд.

 

Барчасп