Тафоҳумномаи лағви виза байни Эрону Тоҷикистон - даричае барои иртибототи фарҳангӣ бо соири кишварҳои Осиёи Миёна
(last modified 2024-08-12T07:54:50+00:00 )
Август 12, 2024 12:54 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон ҳамакнун метавонанд бидуни виза ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
    Шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон ҳамакнун метавонанд бидуни виза ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Тафоҳумномаи лағви виза (раводид) байни Эрону Тоҷикистон аз шанбеи 20 мурдодмоҳ (10 август) ба иҷро гузошта шуд.

Ба ин тартиб, шумори кишварҳое ки эрониҳо бидуни виза (Visa free) ва ё бо виза ҳангоми вуруд (VoA) метавонанд ба онҳо сафар кунанд, ба 44 кишвар расид.

Аммо оё тамоми ин кишварҳо барои сафар кардан ҷаззоб, осон ва ё дар дастрас ҳастанд?

Бар асоси тавофуқи Эрону Тоҷикистон, аз 20 мурдодмоҳи 1403, баробар бо 10 августи 2024 шаҳрвандони ин ду кишвар, ки бо парвоз вориди Теҳрон ва Душанбе шаванд, аз имтиёзи вуруди бидуни виза (раводид) баҳраманд мешаванд ва дар ҳар бозаи 90 рӯза метавонанд 30 рӯз дар Эрон ва Тоҷикистон бимонанд.

Ин имтиёз ҳанӯз шомили шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон, ки аз роҳи заминӣ ва ё аз тариқи кишварҳои дигар вориди Теҳрон ва ё Душанбе шаванд, намешавад.

Узбакистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки интизор меравад бар асоси тавофуқе, ки бо Эрон доштааст, ба зудӣ лағви раводидро дусӯя анҷом диҳад.

Шаҳрвандони Узбакистон аз 15 баҳмани 1402, баробар бо 4 феврали 2024 метавонанд бидуни раводид ба Эрон сафар кунанд.

Раиси Анҷумани дӯстии Узбакистону Эрон пештар аз эҳтимоли лағви визаи Узбакистон барои шаҳрвандони эронӣ хабар додаву гуфта буд, қарор аст ин тарҳ аз сӯи Маҷлиси олии Узбакистон баррасӣ шавад.

Тафоҳумномаи лағви раводид барои дорандагони гузарномаи сиёсӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Узбакистон низ аз таърихи 1.12.1402, баробар бо 1 апрели 2023 мелодӣ ба сурати расмӣ ба иҷро даромадааст. Бар ин асос, дорандагони гузарномаи сиёсӣ бидуни раводид ба муддати ҳаддиаксар 30 рӯз дар тӯли шаш моҳ аз таърихи аввалин вуруд ба қаламрави тарафи дигар, метавонанд сафар кунанд.

Сафари гуруҳии бидуни виза байни Эрону Русия низ аз нимаи соли 1402 (2023) имконпазир шудааст. Сафари бидуни виза байни ду кишвар фақат дар сурате мумкин аст, ки гуруҳҳое бо беш аз 5 нафар аз тариқи ожонсҳои гардишгарии мушаххасе иқдом кунанд.

Шаҳрвандони Эрон ҳамчунин метавонанд бидуни раводид (Visa free) ба Арманистон, Гурҷистон, Ироқ, Қазоқистон, Малайзия, Уммон, Туркия, Микронезия, Нюйе (дар уқёнуси Ором), Суринам, ҷазоири Кук, Доминико ва Венесуэла сафар кунанд.

Муддати замони иқомати бидуни виза дар ин кишварҳо мутафовит аст ва зарурат дорад пеш аз сафар ва таҳияи билет ин шароит баррасӣ шавад. Бо ин вуҷуд, бар асоси охирин гузоришҳо, ин муддатзамон байни 14 то 90 рӯз мутағайир аст.

Илова бар ин, бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти сиёсӣ лозим аст пеш аз барномарезӣ барои сафар ба ҳар як аз ин кишварҳо, муқаррароти визаи онҳо баррасӣ шавад. Ин мавзуъ аз он назар таъкид мешавад, ки дар мақтае Озарбойҷон бо Эрон лағви виза буд, аммо бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти чанд соли ахир бар хилофи тавофуқи дуҷониба амал кард ва ба ҷамъи кишварҳое пайваст, ки лозим аст пеш аз сафар ба он барои визаи ҷумҳурии Озарбойҷон дархост дод.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Озарбойҷон ҳамчунон бидуни виза метавонанд ба Эрон сафар кунанд.

Коршиносон бар ин боваранд, судури чунин раводиде боиси афзоиши гардишгар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва табодулоти фарҳангии мухталифе миёни Эрон ва соири кишварҳои Осиёи Миёна мешавад ва кумаки зиёде низ ба тавсеа ба зерсохтҳои кишварҳо барои умрону ободонӣ менамояд.

Осиёи Миёна бо беш аз 65 миллион нафар ҷамъият, шомили кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон, дар шимоли Эрон воқеъ шудааст.