Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо давлат ва миллати Эрон
(last modified 2024-09-24T12:08:19+00:00 )
Сентябр 24, 2024 17:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Президент ва Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон
    Паёми таслияти Президент ва Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёмҳое ҷудогона, вуқуи ҳодисаи фоҷеабори кони ангишти Табас ва ҷон бохтани даҳҳо танро ба давлат ва мардуми Эрон таслият гуфтанд.

Ба гузориши “Спутник”, нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён паёми таслият ирсол кард.

Дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст: “Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани теъдоди зиёде аз коргарони кони ангишти Табас дар Эрон боиси андуҳи амиқи мардуми Тоҷикистон гардидаааст. Бинобар ин мусибати гарон, ба Шумо мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти инҷонибро иброз менамоям”.

Субҳи 24 сентябр раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ бо ирсоли паёме ба раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон - Муҳаммадбоқири Қолибоф, изҳори ҳамдардии худро эълом кард.

Рустами Эмомалӣ дар паёми таслияти худ гуфтааст: “Хабари таркиши кони ангишти минтақае дар Хуросони Ҷанубӣ ва осеб дидану ҷон бохтани теъдоди зиёде аз коргарони он, боиси андуҳи амиқи мардум ва мақомоти Тоҷикистон гардидааст. Ба Шумо ва наздикону пайвандони ҷонбохтагон ҳамдардии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”.

Шанбешаби 22 сентябр ба далели нашти гази метан дар ду тунели “C” ва “B” –и кони ангиштсанги Табас дар Хуросони Ҷанубӣ, шарқи Эрон, коргарони машғул ба кор дучори нафасгирӣ бо газ шуданд ва дар ин ҳодиса теъдоди зиёде ҷон бохтанд ва 17 масдум ҳам бо талоши тимҳои тахассусии имдодӣ наҷот ёфтанд.