Сафари вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вашингтон
(last modified Tue, 02 Aug 2016 09:33:01 GMT )
Август 02, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вашингтон

Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико фардо дар дидор бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, ки бо унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон баргузор мешавад, дар хусуси масоили мухталифи амнияти минтақаӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Амрико фардо мизбони вазирони хориҷаи панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Вазорати умури хориҷаи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард, Ҷон Керри  фардо дар дидор бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон баргузор мешавад, дар хусуси масоили мухталифи амнияти минтақаӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, илова бар масоили марбут ба амнияти минтақаӣ, мавзӯоти мухталиф дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва тағйироти обу ҳаво ва низ масоили башардӯстона дар дастури кори ин музокирот қарор хоҳад дошт.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Амрико тасреҳ шуда аст, Ҷон Керри ва ҳамтоёни вай дар Осиёи Марказӣ қасд доранд тарҳҳои пешниҳодиро, ки дар нишасти соли гузаштаи гурӯҳи кории C5+1 дар Ӯзбакистон матраҳ шуда буд, дар нишасти Вашингтон пайгирӣ кунанд.