Таъкид бар густариши ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Thu, 14 Nov 2024 07:10:31 GMT )
Ноябр 14, 2024 12:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия
    Таъкид бар густариши ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Туркия

Густариши ҳамкориҳои илмии байни Тоҷикистон ва Тукрия дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Қобилҷон Хушвахтзода раиси  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба манзури густариши ҳамкориҳои илмӣ бо  Умут Аҷар сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳӯрии Туркия дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон  дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши " Ховар" ба нақл аз раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тарафайн бар анҷоми таҳқиқоти илми тавассути донишмандони дукишвар дар заминаи илмҳои  дақиқи, пизишкӣ ва биоложекӣ, муттолеъоти таҳқиқотӣ дар амокини таърихӣ, бозомӯзии донишмандон ва муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавофуқ карданд.

Дар ин нишаст бар зарӯрати баргузории симпозиуми сатҳи байналмиллалии байни донишмандон ва коршиносони муассисоти илмии Тоҷикистон ва Туркия таъкид шуд.