Думаи Русия ба дунболи маҳдуд кардани ҳуқуқ ба таҳсили кӯдакони хориҷӣ
-
Маҳдудият дар таҳсили кудакони хориҷӣ дар Русия
Думаи давлатии Русия рӯзи 11 декабри соли равон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки қабули фарзандони муҳоҷире, ки бо забони русӣ гап зада наметавонанд, дар мактабҳо манъ гардад.
Ба гузориши “Азия плюс”, ба навиштаи “Парламентскя газета”, ин ташаббус аз ҷониби як гурӯҳи вакилон аз ҳамаи фраксияҳо таҳти роҳбарии раёсати Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия ва Ирина Яровая, муовини ӯ, ки Комиссия оид ба сиёсати муҳоҷиратро роҳбарӣ мекунад, сурат гирифтааст.
Барои пазируфтани ин ибтикор 409 вакили рус ба ҷонибдорӣ раъй дода ва танҳо як вакил мухолифи ин тарҳи қонун раъй додааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонун, аз 1 апрели соли 2025 фарзандони муҳоҷирони хориҷӣ зимни қабул ба мактабҳои Русия, бояд аз донистани забони русӣ тест (санҷиш) супоранд. Санҷиш бепул гузаронида мешавад. Кӯдаконеро, ки донистани забони русиашон дар сатҳи кофӣ барои азхудкунии барномаи таълимӣ тасдиқ нашавад, ба муассисаи таълимӣ қабул намегарданд.
Ҳамчунин касонеро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба мактабҳо қабул намекунанд. Мувофиқи қонуни қабулшуда, барои пазируфтан ба таҳсил ҳуҷҷати тасдиқкунандаи будубоши қонунӣ бояд пешниҳод гардад.
Тибқи маълумоти “Интерфакс”, рӯзи 9 декабр ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Русия ҷонибдорӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъи хабаргузории мазкур эътироф кардааст, ки рад шудани пазириши кӯдакон ба таҳсил дар Русия, дар ҳолати аз санҷиши донистани забони русӣ дар сатҳи кофӣ барои азхудкунии барномаи мактаб нагузаштан, комилан ба қисми 2-и моддаи 78-и қонуни федералӣ “Дар бораи маориф дар Русия” мувофиқ нест. Зеро тибқи ин модда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дорои ҳуқуқҳои баробар бо шаҳрвандони Русия барои таҳсил дар асоси дастрасии умумӣ ва ройгон мебошанд.
Азия плюс ба нақл аз манобеаш ин мавзӯъро ба чолиш кашида навиштааст: Агар қонунгузории федералӣ кори дохилии Русия аст, ҳама гуна мухолифат дар ин ҳолатҳоро метавон тариқи ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор бартараф намуд. Аммо баҳс саро он аст, ки Русия узви Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад, ки онро ба имзо расонда ва тасдиқ кардааст.
Дар ин созишнома гуфта мешавад, ки давлатҳои аъзо ба ҳамаи шахсоне, ки дар ҳудуди ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои баробарро барои таҳсил ва дастрасӣ ба он, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ ва дигар тафрвутҳо, кафолат медиҳанд. Афроде, ки ҳамеша дар қаламрави яке аз кишварҳои узв зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии дигар кишвари узвро доранд, бо шартҳои муқарраршуда барои шаҳрвандони кишварҳои узв, ки дар қаламрави он доимо зиндагӣ мекунанд, дар ҳамаи сатҳҳо таҳсил, инчунин унвон ва рутбаҳои илмӣ мегиранд.
Мухолифат ба созишномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби кишвар имзо ва тасдиқ шудааст, ба таври худкор (автоматӣ) ба ғайриқонунӣ шудани ҳама гуна қонунгузории дохилӣ оварда мерасонанд, ба ҷуз Қонуни асосӣ.
Дар қонунгузории Русия ва ҳам Тоҷикистон тартиби муайяне ҳаст. Он аз ҷумла дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки агар як санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба дигараш мухолифат кунад. Дар навбати аввал Сарқонуни Русия, баъдан шартномаҳои байналмилалии Русия, сипас қонунҳои федералии конститутсионии Русия, дар навбати баъдӣ қонунҳои федералии Русия, дар зинаи дигар амрҳои президенти Русия, қарорҳои ҳукумати Русия ва сипас фармонҳои вазирон ва роҳбарони хадамоти давлатӣ эътибор дорад.
Дар чунин шароит, ба санаде, ки дар тартиботи қонунӣ аз ҳама болотар ҷойгир аст, афзалият дода шуда, мутаносибан меъёрҳои қонунҳои федералӣ ғайриамалӣ дониста мешаванд.
Илова бар ин, дар бораи ғайриқонунӣ будани қабули лоиҳаи қонун аз ҷониби Думаи давлатӣ дар Конститутсияи Русия (қисми 4, моддаи 15) равшану возеҳ ишора мешавад:
- Усул ва меъёрҳои эътирофи умумии ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия қисми ҷудоинопазири низоми ҳуқуқии он мебошанд. Агар дар шартномаи байналмилалии Русия қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошад, ки бо қонун номувофиқ бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ татбиқ мегарданд.
Дар қонуни асосӣ (олӣ)-и Русия гуфта мешавад, “қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, дар Русия қабул мешаванд, набояд ба Конститутсияи Русия мухолиф бошанд”.
Яъне барои қонунӣ кардани маҳдудиятҳои қабулшуда аз ҷониби Думаи давлатӣ дар мавриди қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактаб, мақомоти Русия бояд аз созишнома бо кишварҳои ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хориҷ шаванд ё тартиботи қонунгузории худро тағйир диҳанд ва ё оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Конститутсия раъйпурсӣ гузаронанд. Дар акси ҳол, меъёрҳои қонунгузории аз ҷониби Думаи давлатӣ қабулшударо ҷомеаи байналмилалӣ беасос ва ҳама гуна маҳдудият дар масъалаи қабули фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русияро нақзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мешуморанд.