Январ 28, 2017 19:10 Asia/Dushanbe
  • Имзои Қонуни асосии ҷадид тавассути раисҷумҳури Қирғизистон

Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон дар маросими расмӣ, Қонуни асосии ҷадиди ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вай дар ин маросим гуфт: Имрӯз мо Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистонро бидуни иштибоҳ ва ихтилоф мебинем, ки дар натиҷаи референдуми мардумӣ тасвиб шуд ва ислоҳоти анҷомшуда ба ҳифзи ҳамаи дастовардҳои давлатҳои ҳоким бар Бишкек, пас аз инқилоби соли 2010 кумак мекунанд.

Бо имзои раисҷумҳури Қирғизистон, Қонуни асосии ҷадиди ин кишвар қонунӣ ва иҷроӣ хоҳад шуд. Тағйири Қонуни асосии Қирғизистон тавассути Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон ва бо ҳимояту пуштибонии теъдоде аз намояндагони Маҷлиси миллии ин кишвар аз ҷумла Ҳизби Сотсиал-Демократ ба ҳамапурсӣ гузошта шуд .

Алмазбек Атамбаев аз ҳизби ҳокими Қирғизистон аст, ки дар интихоботи парлумонии соли гузашта аз соири аҳзоб пешӣ гирифт ва ба пирӯзӣ расид. Пеш аз он, ҳадаф аз анҷоми тағийроти ҷузъӣ дар Қонуни асосии Қирғизистон, тақвияти пости нахуствазирӣ ва дигар тағийроти ҷузъӣ унвон шуд. Ҳамапурсии Қонуни асосии Қирғизистон рӯзи 11 декабри соли 2016 баргузор шуд. Бештар аз 50 дарсад аз мардуми Қирғизистон аз ислоҳоти Қонуни асосӣ ҳимоят ба амал оварданд. Мухолифони давлати Бишкек аз он бим доранд, ки раисҷумҳури Қирғизистон, ки иҷозаи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017-ро надорад, мусаммам шавад, бо истифода аз ислоҳи Қонуни асосӣ ба унвони нахуствазир ба арсаи сиёсии кишвар бозгардад ва ҳамчунон дар раъси ҳирами қудрат боқӣ бимонад. Бо ин ҳол, раисҷумҳури Қирғизистон таъкид кардааст, ки қасд надорад, дар поёни давраи раёсатҷумҳурии худ, пости нахуствазириро ишғол кунад.

Бо ислоҳоти ҷузъӣ дар Қонуни асосии Қирғизистон интизор меравад, ки интиқоли қудрат дар ин кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ ба сурати мусолиматомез анҷом шавад.

Воқеият он аст, ки Қирғизистон фақиртарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ду даҳа пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 эълом шуда, беш аз 80 дарсад аз мардуми Қирғизистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷанги қудрат монанди соири ҷумҳуриҳои минтақа сурат намегирад. Дар айни ҳол, ба далели фиқдони сарватҳои табиӣ ва маводи табиии Худододӣ, ангезае барои ҷамъоварии сарват ва касби мол дар Қирғизистон вуҷуд надорад. Ба рағми ин воқеият, Қирғизистон таи солҳои ахир шоҳиди баргузории чандин ҳамапурсии мухталиф буд. Баргузории ҳамапурсиҳои мутааддид ва интиқоли осони қудрат дар Қирғизистон муҷиб шудааст, ки бисёре аз маҳофили сиёсии фаъол дар минтақа, Қирғизистонро демократиктарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз талаққӣ кунанд. Дар айни ҳол бояд гуфт: Интиқоли қудрат дар Қирғизистон таи солҳои пас аз истиқлоли ин кишвар бидуни ҳаргуна мушкиле сурат гирифтааст. Дар Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон, ихтиёроти умда аз шахси раисҷумҳур ба нахуствазир мунтақил хоҳад шуд. Бадеҳист, ки ин шеваи идораи умури кишвар имкони эҷоди ҳокимияти истибдодиро аз фард ё гурӯҳе хос хоҳад гирифт. Дар сурати иҷрои бидуни нақси Қонуни асосии ҷадиди Қирғизистон, Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури феълиро бояд ноҷии ин кишвари Осиёи Марказӣ қаламдод кард. Зеро дар шароите, ки қудрати низоми сиёсиро дар ихтиёр дошт, бидуни чашмдоште пешниҳод кард, қудрат аз шахси раисҷумҳур ба нахуствазир интиқол ёбад ва ба осонӣ қудратро ба фарди дигаре вогузор кард  .