Июн 15, 2017 15:32 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон

Парлумони Қирғизистон замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро, 15 октябри 2017 таъйин кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, парлумони Қирғизистон имрӯз (панҷшанбе) эълом кард, интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аз 15 октябри 2017 баргузор ва натиҷаи он, чаҳоруми ноябр эълом мешавад.

Бар асоси ин гузориш, аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталифи Қирғизистон аз имрӯз панҷшанбе метавонанд, номзадҳои мавриди назари худро муаррифӣ ва сабти ном кунанд.

Аз 10 сентябр номзадҳо ба таври расмӣ муборизоти интихоботиро оғоз мекунанд ва ин рақобатҳо то 14 октябр идома меёбад.

Бар асоси Қонуни асосии Қирғизистон, маҷлиси ин кишвар таърихи баргузории интихоботро таъйин мекунад.

 

 

Барчасп