Атамбоев: Амрико ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа аст
(last modified 2017-10-18T17:25:22+00:00 )
Октябр 18, 2017 22:25 Asia/Dushanbe
  • Атамбоев: Амрико ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа аст

Раисҷумҳури Қирғизистон гуфт: Барои Амрико низоми демократӣ дар Қирғизистон ва минтақа ҳеч аҳаммияте надорад, балки ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ ва беусуботӣ аст.

Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар маросиме гуфт: Барои Амрико низоми демократӣ дар Қирғизистону минтақа ҳеч аҳаммияте надорад, балки ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ мебошад .

Атамбоев афзуд: Изҳороти таассуфи ахири масъулони амрикоӣ аз интихоби Сооронбай Жеенбеков, ба унвони раисҷумҳури мунтахаби Қирғизистон, нишонгари дуруғ будани иддаои Вашингтон дар бораи ҳимоят аз демократия ва орои умумӣ аст .

Атамбоев гуфт: Замоне, ки дар соли 2014 Ислом Каримов, раисҷумҳури вақти Узбакистон аз эҳтимоли даргирии миёни кишварҳои минтақа бар сари обу ихтилофоти марзӣ сухан гуфт, Амрико билофосила садҳо дастгоҳи нафарбари низомӣ ба арзиши даҳҳо миллион доллар батаври ройгон дар ихтиёри Тошканд гузошт, то заминаи ноамнӣ дар минтақа фароҳам шавад .

 

Барчасп