Октябр 25, 2017 21:48 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии раиси Маҷлиси Қирғизистон

Чинибай Турсунбеков, раиси Маҷлиси Қирғизистон аз симмати худ канорагирӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Чинибай Турсунбеков гуфт, пас аз як солу ним соли раёсат бар маҷлис ба далели ҳифзи субот дар ҷомеа ва коҳиши танишҳои пас аз интихобот, канорагирӣ кардааст .

Раиси Маҷлиси Қирғизистон пештар аз тасмими худ барои канорагирӣ хабар дода буд .

Гуфтанист, дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон, Ҳизби ҳокими сотсиал-демократи ин кишвар номзадии Турсунбековро аз ҷониби ин ҳизб барои раёсатҷумҳурӣ, напазируфта буд .

 

Барчасп