Мухолифати дубораи Узбакистон бо сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Thu, 18 Aug 2016 04:49:52 GMT )
Август 18, 2016 09:49 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубораи Узбакистон бо сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар Тоҷикистон ва  Қирғизистон

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо интишори баёнияе, мухолифати дубораи ин кишварро бо идомаи сохти ду нерӯгоҳи бузурги барқӣ обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом кард.

Ба гузориши сойти вазорати умури хориҷаи Узбакистон, дар ин баёния ба лағви муҷаввизи сохти саде дар Бразилия бар руй рудхонаи Амазонка ишора шудааст, ки метавонад барои ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ намунаи ибрат бошад, чаро ки ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон бо нодида гирифтани ҳушдорҳо дар бораи паёмадҳои мухарриби зистмуҳитӣ ва камбуди шадиди оби мавриди ниёзи сокинони кишварҳои поиндаст, ҳамчунон тарҳи сохти ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ бар руй рудхонаҳои Ому ва Сирро пайгирӣ мекунанд, ки ин мавзӯ метавонад, барои минтақаи Осиёи Марказӣ авоқиби ногуворе дошта бошад. 

Аз дидгоҳи вазорати хориҷаи Узбакистон, исрори Тоҷикистон ва Қирғизистон бар такмили сохти ин ду нерӯгоҳи барқи обӣ ба маънеи бурузи буҳрони камобӣ, хушксолӣ, коҳиши сатҳи заминҳои кишоварзӣ, поин омадани сатҳи зиндагии мардум ва амиқтар шудани буҳрони хушк шудани дарёчаи Арал мешавад. Ҳатто имкони тахриби кӯҳҳои атрофи сади 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, дар Тоҷикистон ба далели вуҷуди намак дар таркиби хоки ин минтақа, ҳангоми обгирии сади ёдшуда вуҷуд дорад, ки муқовимати онро дар баробари зилзила коҳиш медиҳад.

Вазорати хориҷаи Узбакистон таъкид кард, маҷмӯи ин авомил ҳокӣ аз дурустии мавзеи ин кишвар дар мухолифат бо идомаи сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Сохти нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ обии "Роғун" дар Тоҷикистон ва "Тухтагул" дар Қирғизистон аз 40 сол қабл, дар даврони Шуравӣ оғоз шуда, ки пас аз истиқлоли ин ду кишвар бо мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ шудааст.