Маҳкумияти беш аз ҳазор мақоми давлатии қазоқ ба ҷурми фасод
(last modified Wed, 27 Dec 2017 04:53:27 GMT )
Декабр 27, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти беш аз ҳазор мақоми давлатии қазоқ ба ҷурми фасод

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз боздошти беш аз ҳазор мақоми давлатии ин кишвар дар соли 2017 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев рӯзи сешанбе эълом кард, имсол ҳазору 129 мақоми давлатӣ, аз ҷумла мақомоти аршад ба иттиҳоми фасоду иқдомоти хилофи қонун маҳкум шуданд.

Назарбоев афзуд, ҳамаи мақомот дар пойтахту манотиқи дурдаст, аз ҷумла раисони вилоятҳои Павлодар, Атирау ва Караганда, муовинони вазирон ва мақомоти дигари сохторҳои давлатӣ бояд ҷавобгӯи иқдомоти худ бошанд ва қонун барои ҳама яксон аст.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, дар сурате, ки вазирон ҳам аз қонун сарпечӣ кунанд, бо онҳо низ бархурд хоҳад шуд.