Имзои қонуни таъйини ҳудуди марзии Қазоқистону Туркманистон
(last modified Mon, 15 Jan 2018 10:48:53 GMT )
Январ 15, 2018 15:48 Asia/Dushanbe
  • Имзои қонуни таъйини ҳудуди марзии Қазоқистону Туркманистон

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон қонуни тасвиби мувофиқатномаи таъйини ҳудуди марзии ин кишвар бо Туркманистонро имзо кард.

Нурсултон Назарбоев дар маросими имзои мувофиқатномаи таъйини ҳудудӣ - марзӣ бо Туркманистон гуфт, ин қонун пештар тавассути мақомҳову ниҳодҳои вобаста ба давлатҳои ду кишвар таъйид шуда буд.

Бар асоси ин қонун тӯли марзи муштарак миёни Туркманистону Қазоқистон 458. 3 километр эълом шудааст. Дар тӯли хутути марзии муштараки Туркманистону Қазоқистон дар маҷмӯъ 330 аломати марзӣ насб шудааст.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин қонуни ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо кишвари Туркманистонро низ имзо кард.

Паймони ҳамкории стратегии Қазоқистону Туркманистон дар ҷараёни сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Остона дар моҳи апрели соли гузаштаи мелодӣ (2017) тавассути сарони ду кишвар имзо шуда буд.

Қарордоди таъйини ҳудуди марзии Туркманистону Қазоқистон аз аҳамияти зиёде барои ду кишвари ҳамсоя ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бархурдор аст. Ба вижа, ки метавонад улгӯи муносибе барои дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қаламдод шавад.

Мушаххас набудани марзҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ин кишварҳо дар солҳои пас аз истиқлол дар соли 1991-и мелодӣ мушкилоти зиёде эҷод кардааст. Ба ҳамин далел, бисёре аз коршиносон имзои қарордодҳои таъйини ҳудудӣ - марзиро мусбат арзёбӣ кардаанд.

Ба унвони мисол, Йериат Умбоев, сафири Қазоқистон дар Ӯзбакистон имзои ин қарордодро нишонае хуб барои ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар заминаи таъйини ҳудудӣ - марзӣ унвон кард.

Хайрат Абдураҳмонов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон низ имзои ин қарордодро рӯйдоде таърихӣ барои маҷмӯаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ унвон карду гуфт, бо ин санад раванди сабти қонунии марзҳои се кишвар ба поён расидааст.

Имзои мувофиқатномаҳои ду ва чандҷонибаи таъйини ҳудудӣ - марзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ масире дипломатӣ барои ҳалли ихтилофоте аст, ки бештар пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ худро нишон дод.

Аз соли 1991 ба ин сӯ, кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли ихтилофоти сарзаминӣ ва марзии худ талош кардаанд, аммо метавон гуфт, ин ихтилофот бештар дар масири музокира баррасӣ шудаву камтар рангу бӯйи як ихтилофу даргирии низомӣ ба худ гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки дар он сӯйи баҳри “Хазар” ва дар Қафқози Ҷанубӣ ихтилофоти ҷиддии марзии ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон ҳамчунон дар конуни тавваҷуҳоти маҳофили сиёсиву низомии ду кишвар қарор дорад.

Равшан аст, ҳаракат дар масири ҳалли ихтилофот аз тариқи дипломатия ва музокира дастовардҳои арзишманде барои ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла ду кишвари Туркманистону Қазоқистон доштаву дорад. Аз он ҷумла метавон ба хати оҳани байналмилалии Эрон – Туркманистон - Қазоқистон ном бурд, ки бетардид дар бистари ҳалли ихтилофоти ду ва чандҷониба муяссар шудааст. Улгӯе, ки нишонгари гузор аз ихтилофоту табдили он ба як фурсати ҳамкории густардаи фароминтақаӣ аст.