Назарбоев раиси модомулумри Шӯрои амнияти Қазоқистон мешавад
Феврал 05, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, раиси модомулумри Шӯрои амнияти ин кишвар мешавад.
Ба нақл аз Форс, сенати Қазоқистон қонуне дар бораи Шӯрои амнияти ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод, ки агар тасвиб шавад, Нурсултон Назарбоев раиси модомулумри Шӯрои амнияти ин кишвар хоҳад шуд.
Шӯрои амнияти Қазоқистон дар соли 1991 тавассути раисҷумҳури ин кишвар таъсис шуд .
Ин ниҳод барои таҳияи роҳҳалҳо дар заминаи дифоъ ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзӣ, ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҳуқуқи асосӣ ва озодии шаҳрвандони Қазоқистон фаъолият мекунад .
Раёсати Шӯрои амнияти Қазоқистонро Нурсултон Назарбоев бар уҳда дорад .
Барчасп