Мушорикати 86-дарсадии мардум дар интихоботи парлумонии Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i31778-Мушорикати_86_дарсадии_мардум_дар_интихоботи_парлумонии_Туркманистон
Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон аз мушорикати 86-дарсадии мардум дар интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 26, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 86-дарсадии мардум дар интихоботи парлумонии Туркманистон

Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон аз мушорикати 86-дарсадии мардум дар интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон эълом кард, дар интихоботи парлумонии ин кишвар, ки дирӯз баргузор шуд, 86.34 дарсад аз кулли афроди дорои ҳаққи раъйдиҳӣ ширкат кард. Бар асоси ин гузориш, дар ин интихобот 284 номзад барои 125 курсӣ дар парлумон рақобат карданд.

Туркманистон бо ҷамъияти болиғ бар 6 миллион нафар дорои 125 намояндаи парлумон аст, ки олитарин ниҳоди қонунгузории ин кишвар мебошад ва ҳар панҷ сол як бор интихоботи ин маҷлис баргузор мешавад.