Эъломи омодагии Ӯзбакистон барои сохти нерӯгоҳ дар Тоҷикистон - нишонаи мусбат барои ҳалли буҳрони об
(last modified 2018-08-25T03:56:08+00:00 )
Август 25, 2018 08:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Ӯзбакистон барои сохти нерӯгоҳ дар Тоҷикистон - нишонаи мусбат барои ҳалли буҳрони об

Устоди Донишгоҳи фанновариҳои энержии Русия муътақид аст, эъломи омодагии Ӯзбакистон барои сохти ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон, нишонаи мусбат дар роҳи ҳалли буҳрони об дар Осиёи Марказӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Валентин Берлин бо ишора ба суханони раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, ки аз омодагии кишвараш барои мушорикат дар сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди обӣ бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дод, гуфтааст, ки ин иқдоми Тошканд аломати муҳиме барои поён додан ба ихтилофот бар сари манобеи оби Осиёи Марказӣ аст.

Вай таъкид кардааст, эъломи омодагии Ӯзбакистон барои мушорикат дар сохти ин ду нерӯгоҳи обӣ бо зарфияти тавлиди 320 мегаватт барқ дар сол, ба маънии мувофиқати давлати Тошканд бо такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ва ҳамкорӣ бо Душанбе дар заминаи таъмини оби мавриди ниёзи Ӯзбакистон мебошад. Аз ин рӯ, сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар музокироти ахири худ дар Тошканд итминон доданд, ки барои ҳалли мушкили таъмини об ва сармоягузорӣ дар сохти нерӯгоҳҳои обии ҷадид ҳамкорӣ хоҳанд кард, ки ин аломати муҳиме дар роҳи поён додан ба беш аз 2 даҳаи ихтилофот бар сари истифода аз манобеи оби Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар нишасти муштараки хабарӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ дар Тошканд ҳафтаи қабл аз омодагии кишвараш барои мушорикат дар сохти ду нерӯгоҳи ҷадиди обӣ бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон, дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт, зарфияти тавлиди барқ дар ин ду нерӯгоҳ 320 мегаватт хоҳад буд, ки ҳам заминаи тавлиди барқ ва ҳам захирасозии оби рӯдхонаи Зарафшонро, ки барои бахши кишоварзии вилоятҳои Самарқанд ва Бухорои Ӯзбакистон бисёр муҳим аст, фароҳам хоҳад кард.