Пайгарди ҳазору 500 мақоми давлатии Узбакистон ба иттиҳоми фасоди молӣ
(last modified Mon, 07 Jan 2019 13:55:37 GMT )
Январ 07, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Пайгарди ҳазору 500 мақоми давлатии Узбакистон ба иттиҳоми фасоди молӣ

Додситони кулли Узбакистон аз пайгарди қонунии ҳазору 561 нафар аз мақомоти давлатии ин кишвар ба иттиҳоми фасоди молӣ дар соли гузашта хабар дод.

580 нафар аз ин афрод аз масъулони ниҳодҳои иқтисодӣ, 257 нафар аз коркунони ҳавзаҳои омӯзишӣ, 83 нафар аз масъулони созмонҳои беҳдоштӣ ва бақия шоғил дар дигар ҳавзаҳо ҳастанд.  

Соли гузашта додситони кулли собиқи Узбакистон ҳам ба иттиҳом аххозӣ, ришвахорӣ ва сӯиистифода аз қудрат боздошт шуда буд.

Қодиров 15 сол додситони кулли Узбакистон буд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар декабри 2018 бо ишора ба мизони болои фасоди молӣ дар ин кишвар гуфта буд, Узбакистон бо вуҷуди фасод ҳеҷ вақт ба аҳдофи худ намерасад.

Бар асоси гузориши Созмони шаффофияти байналмилалӣ, дар радабандии марбут ба фасод дар 2017, Узбакистон дар радаи 157 қарор дошт.