Русия ва Туркманистон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқномаи амнияти иттилоот имзо карданд.
(last modified 2019-04-06T06:32:18+00:00 )
Апрел 06, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Туркманистон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқномаи амнияти иттилоот имзо карданд.

Русия ва Туркманистон тавофуқномаи амнияти иттилоот имзо карданд

Сергей Лавров ва Рашид Муродов, вузарои умури хориҷаи Русия ва Туркманистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Маскав ин санадро имзо карданд.

Бино ба ба гуфтаи Лавров, барои нахустин бор аст, ки Маскав чунин тавофуқномаеро дар заминаи амнияти иттилоот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебандад.

Аммо дар бора ин ки ду кишвар бар асоси ин тавофуқтанома чӣ иқдомотеро иҷро хоҳанд кард, гузориш нашудааст.

Имзои ин санад аз тарафи Туркманистон дар ҳоле аст, ки ин кишвар дар аксари созмонҳои минтақаӣ ҳузур надошта ва ҳамвора худро кишвари бетараф дар масоили байналмилалӣ унвон мекунад.

 

Барчасп