Сентябр 25, 2019 20:55 Asia/Dushanbe
  • Чин дар Бухоро нерӯгоҳи бодии 2 миллиарддолларӣ месозад

Як ширкати чинӣ сохти нерӯгоҳҳои бодӣ ба арзиши як миллиарду 800 миллион доллар дар ноҳияи Ғиждувони устони  Бухороро оғоз кард.

Ширкати “Liaoning Leader” -и Чин сохти нерӯгоҳҳои бодӣ ба арзиши як миллиарду 800 миллион доллар дар ноҳияи Ғиждувони устони  Бухороро оғоз кард.

Ин тарҳ ба зарфияти тавлидии 1. 5 ҳазор мегаватт барқ дар 3 марҳала дар замине ба масоҳати 6 ҳазор гектар иҷро хоҳад шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар марҳалаи аввал барои сохти нерӯгоҳҳое ба зарфияти 200 мегаватт барномарезӣ мешавад ва ҷазби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба арзиши 240 миллион доллар дар нақша аст.

Жонг Юлион, раиси ширкати чинӣ изҳор дошт, ин ширкат барномарезӣ мекунад, тамоми талошҳои худро барои иҷрои тарҳҳои бузург дар Ӯзбакистон дар заминаи манобеи энержии таҷдидпазир, бо истифода аз таҷрибаи байналмилалии пешрав ва фанновариҳои рӯз ба кор бибарад.

Дар поёни моҳи майи соли 2017 мелодӣ Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон барномаи тавсеаи манобеи энержии таҷдидпазир дар Ӯзбакистон барои солҳои 2017 ва 2025 мелодиро, ки шомили 810 тарҳ ба арзиши 5 миллиарду 300 миллион доллар аст, ба тасвиб расонд.

Иҷрои барномаҳои сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ, сохту модернизатсияи нерӯгоҳҳои барқӣ – обӣ ва ҳамчунин нерӯгоҳҳои бодӣ имкони афзоиши саҳми энержии таҷдидпазирро аз 12 . 7 дарсад дар соли 2016 мелодӣ то 19 . 7 дарсад дар соли 2025 мелодӣ фароҳам мекунад.

Мубодилоти бозаргонии Ӯзбакистону Чин дар 11 моҳи гузаштаи соли 2018 мелодӣ бо 32. 2 дарсад афзоиш дар сатҳи 5 миллиарду 677 миллион доллар қарор гирифтааст. Дар ҳоле ки ин шохис дар тамоми соли 2017 мелодӣ дар сатҳи 5 миллиард доллар будааст.

 

Барчасп