Октябр 12, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Қазоқистон барои эҷоди раводиди воҳид миёни кишварҳои Ҳамсуд

Раисҷумҳури Қазоқистон аз пешниҳоди кишвараш ба манзури эҷоди раводиди воҳид дар кишварҳои Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ ё Ҳамсуд) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қосим Ҷомарт Токаев рӯзи шанбе, пас аз нишасти сарони кишварҳои Ҳамсуд гуфт, дар шароити дарёфти визаи кишварҳои узви ин гурӯҳ, тафовутҳои чашмгире вуҷуд дорад, ки боиси эҷоди нороҳатӣ барои гардишгарони хориҷӣ мешавад, ки қасд доранд ҳамзамон аз чандин кишвари минтақа боздид кунанд.

Раисҷумҳури Қазоқистон афзуд, зарурати баррасии масъалаи эҷоди раводиди воҳид дар кишварҳои Ҳамсуд таҳти унвони раводиди ИДМ, монанди тавофуқномаи Шенген вуҷуд дорад.

Нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Ҳамсуд дирӯз, ҷумъа ба мизбонии Туркманистон дар Ишқобод баргузор ва нишасти баъдии онҳо ба 16 октябри соли 2020 дар Узбакистон мавкул шуд.

 

 

Барчасп