Октябр 16, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • Мамониат аз қочоқи нусхаи камёби Қуръон дар Узбакистон

Маъмурони иттилоотии Узбакистон аз қочоқи нусхаи нодир ва камёби Қуръон дар устони Фарғонаи ин кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши ИКНА, як шаҳрванди узбакистонии сокини шаҳри Бухоро, ки нусхае нодир ва камёб аз Қуръонро аз зодгоҳаш барои фурӯш ба устони Фарғона бурда буд, ҳангоми талош барои фурӯши ин нусха ба қимати 200 доллар ба як фарди қирғизистонӣ дастгир шуд.

Коршиносон таъкид карданд, ин нусха аз Қуръони Карим мутааллиқ ба қарни шонздаҳуми мелодӣ аст, ки аз сӯи Мулло Юсуфи Саҳҳоф, аз хаттотони он замон хушнависӣ шудааст.

Ин нусхаи Қуръон, ки бо хутути тилоӣ нигошта шуда ва мансуб ба сабки мактаби хушнависии самарқандӣ аст, дар авохири қарни нуздаҳум ва авоили қарни бистум тармим шудааст.

 

Барчасп