Январ 14, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хусуси даргириҳои марзӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти марзии ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ тарафайн зимни таъкид бар идомаи раванди музокирот дар бораи масоили марзӣ, ба манзури ҷилавгирӣ аз вахимтар шудани авзоъ дар манотиқи марзӣ тавофуқ карданд.

Даргириҳои марзбонони тоҷик ва қирғиз, ки пас аз солҳои истиқлоли ду кишвар дар соли 1991 мелодӣ рух дод, тайи чанд соли ахир шиддат гирифтааст. Даври ахири даргириҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯзи нуҳуми моҳи ҷории мелодӣ (январ) дар манотиқи марзии устонҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон рух дод. Дар пайи ин даргириҳо, мақомҳои ду кишвар якдигарро ба оғози даргириҳо дар ин ду устон муттаҳам кардаанд.

Таҷриба нишон додааст, дар пайи ҳар мавриди даргирии марзӣ мақомҳои баландпояи Душанбе ва Бишкек ё намояндагони марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон як нишасти муштарак баргузор мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки тайи наздик ба се даҳаи гузашта то кунун даргириҳои марзӣ бар муносиботи иқтисодӣ ва ҳамкориҳои муштараки ду кишвари мусулмон соя афкандааст. Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 457 километр аз ин марз ба тавофуқи мақомҳои ду кишвар расидааст. Дар воқеъ, маҳдудаи тавофуқшудаи марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, далеле барои даргириҳои марзии миллатҳои ду кишвар дар ин маҳдудаҳо вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки 519 километр аз марзҳои ду кишвари ҳамсоя аломатгузорӣ нашуда ва ҳамчунон мавриди ихтилофи давлатҳо ва миллатҳои ду кишвари ҳамсоя аст. Дар ҳақиқат, ин манотиқи аломатгузоринашуда шомили он бахшҳое аз заминҳои ду кишвар аст, ки манотиқи ҳосилхез барои кишоварзӣ ва тавлиди алафҳо дар он манотиқ воқеъ шудаанд.

Дар ҳамин иртибот бояд гуфт, тайи солҳои пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва Қирғизистон ройзаниҳои мақомҳои давлатҳои Душанбе ва Бишкек ҳамвора ба унвони маскани муваққат амал карда, аммо натавонистааст аз хушунатҳои марзии ду тараф бикоҳад. Ба манзури ҳалли ихтилофҳои ду кишвари ҳамсоя то кунун тарҳҳои зиёде  ироа шудааст. Бо вуҷуди ин, табиист, ки то замоне раванди аломатгузории манотиқи мавриди ихтилофи ин ду кишвар поён наёбад, ҳеҷ тарҳе монеъ аз бурузи мунозиот миёни сокинони рустоҳои марзӣ нахоҳад шуд.

Дар заминаи поён додан ба ихтилофҳои марзии ду кишвар тайи чанд соли гузашта тарҳҳои мухталифе ироа шудааст. Азҷумла метавон ба як тарҳи Созмони Милал дар ин замина ишора кард. Александр Зуев, коршиноси умури Осиёи Марказӣ дар Созмони Милал гуфтааст, фароҳам кардани иштиғол барои ҷавонон, сохту иҷрои тарҳҳои зербиноие назири эҳдоси шабакаҳои обрасонӣ аз роҳкорҳои пешниҳодии Созмони Милал аст, ки аз ташдиди низоъ миёни рустоиёни ду кишвар бар сари истифода аз манобаи обу замин ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Ин тарҳи Созмони Милал дар шароите ироа шудааст, ки ихтилофҳои сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари наҳваи истифода аз манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ , ихтилофҳои решадор ҳастанд, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда ва то замоне, ки раванди аломатгузории манотиқи мавриди ихтилофи ин ду кишвар поён наёбад, ҳеҷ тарҳе монеъ аз бурузи мунозиот миёни сокинони рустоҳои марзӣ нахоҳад шуд.

 

Барчасп