Апрел 20, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Сояи корона бар равобити иқтисодии Қазоқистон ва Чин

Ҳатто пас аз пирӯзӣ бар корона низ бозгардондани сатҳи таомулоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Қазоқистон ва Чин ба сатҳи қаблӣ, коре сахт хоҳад буд.

Ба гузориши Форс, Одил Каконов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Чин дар ёддоште, ки дар ихтиёри хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе қарор дод, ба баррасии таассури шуюи вируси корона ба равобити Нур-Султон ва Пекин пардохт.  

Дар ин ёддошт омадааст, ҳамагир шудани Ковид-19, ба равобити иқтисодии кулли ҷаҳон латмаи ҷиддӣ ворид кард, ки таомули иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ аз ин шароит мустасно нест.

Чин натанҳо ба лиҳози арзаи коло, балки аз назари масрафи тайфи густурдае аз манобеи табиӣ ва қабл аз ҳама нафт ва газ низ бузургтарин шарики иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба далели вазъи карантин рушди иқтисодии Чин то ҳудуде мутаваққиф шуд, ки ин мавзӯъ коҳиши тақозои нафтро дар пай дошт.

Ҳамзамон дар ибтидои амр низ ба далели ба тавофуқ нарасидани кишварҳои муҳимми ОПЕК, қимати нафт низ бо коҳиши чашмгире мувоҷиҳ шуд.

Ин вазъият билофосила иқтисоди Қазоқистонро таҳти таъсир қарор дод ва арзиши Танга (воҳиди пули миллии кишвар), ногаҳон поин омад.

Лозим ба зикр аст, ки содироти нафти Қазоқистон ба Чин аз тариқи хутути лӯла дар таърихи 16 январи соли ҷории милодӣ (26 дай 1398) ба далели кашфи таркиботи органохлори беш аз мизон дар нафти содиротӣ аз сӯи ширкати муштараки қазоқӣ - чинии "Актобе Монаи Газ", мутаваққиф шуд, ки ҳанӯз аз саргирии он гузориш нашудааст.

Илова бар он содироти гази Қазоқистон ба Чин низ ба як чаҳорум коҳиш ёфт.