Корона дар Қазоқистон, шумори мубталоён 4298 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53397-Корона_дар_Қазоқистон_шумори_мубталоён_4298_нафар
Вазорати тандурустии Қазоқистон теъдоди афроди мубтало ба корона дар ин кишварро 4298 нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 06, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Қазоқистон, шумори мубталоён 4298 нафар

Вазорати тандурустии Қазоқистон теъдоди афроди мубтало ба корона дар ин кишварро 4298 нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросон,теъдоди мубталоён ба корона  дар марзҳои Қазоқистон афзоиш ёфт.

Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард: Шумори мубталоён ба вируси корона то соати 12:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба 4 ҳазору 298 нафар расидааст.

Бино барин гузориш, аз рӯзҳои аввали шиносоӣ ва сабти аввалин мавориди ибтило ба вируси корона дар Қазоқистон то ба имрӯз 1299 тан беҳбуд ёфта ва 29 нафари дигар фавт карданд.