Рӯзи хунини Афғонистон
Ҳамалоти рӯзи сешанбе муҳоҷимони мусаллаҳ ба масҷид, бемористон, зоишгоҳ ва маросими ташйиъи ҷаноза дар манотиқи мухталифи Афғонистон дасти кам 60 кушта ва захми бар ҷой гузошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, соати 10 пеш аз зуҳр имрӯз сешанбе муҳоҷимони мусаллаҳ бо силоҳҳои сабук ва сангин ба як бемористон ва зоишгоҳ дар минтақаи 13 дар ғарби шаҳри Кобул ҳамла карданд.
Муҳоҷимон бо шиллик ба занони бордор ва навзодон дар зоишгоҳ, шуморе аз онҳоро кушта ва теъдодеро ҳам захми карданд, ки ба гузориши неруҳои амниятӣ теъдоди кушта ва захмиҳои ин ҳодиса токунун ба 10 тан мерасад.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Тариқ Ариан дар саҳифаи Facebook-и худ навиштааст, ки 70 зан ва кӯдакони аз ин бемористон ва таваллудхона аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ наҷот дода шудаанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар Твиттер навишт, ки мардони онҳо дар ҳамла ба бемористон ва таваллудхона дар ғарби Кобул иштирок накардаанд.
Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.
Ин таркишҳо дар ташйиъи ҷанозаи шайх Акрам аз фармондаҳон неруи мардумӣ рух додааст, ки алайҳи Толибон ва ДОИШ меҷангид.
Манбаъҳои хабарӣ дар вилояти Пактика дар ҷануби Афғонистон низ гузориш доданд, ки афроди ношинос дар масҷиди ин вилоят ба намозгузорон оташ кушоданд, се нафар кушта ва дигарон захмӣ шуданд.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳои террористии имрӯза дар Афғонистонро бар дӯш нагирифтааст, аммо Толибон қаблан дархости ҳукумати Кобулро дар бораи оташбас дар моҳи Рамазон рад карда буданд ва гуфтаанд, ки ҷиҳод дар ин моҳ савобди бештаре дорад.