Даргирии коргарони муҳоҷир ва полис дар марзи Русия ва Қазоқистон
Коргарони муҳоҷири узбакистонӣ ва тоҷикистоние, ки пас аз бекор шудан дар Русия ба далели корона қасди бозгашт ба кишварҳои худро доранд ва дар марзи Қазоқистон банд мондаанд бо полис даргир шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи русии Лента.Ру, ин афрод рӯзи сешанбе ба далели баста будани марзи Қазоқистон бо Русия талош кардаанд, ки ба зӯр вориди қаламрави Қазоқистон шаванд, аммо бо мамониати полиси Русия рӯбарӯ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин коргарони муҳоҷир дар даште дар марзи муштараки Русия ва Қазоқистон дар чодарҳо зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд вориди қаламрав Қазоқистон шаванд ва ба кишварҳои хеш бозгарданд.
Сафоратҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар Маскав ва Нурсултон борҳо аз коргарони муҳоҷири бекоршуда дар Русия дархост кардаанд, ки дар марзи Қазоқистон таҷаммуъ накунанд, зеро мақомоти ин кишвар ба далели оғози марҳилаи дувуми густариши вируси корона тамомии марзҳои заминии худро бастаанд.
Қаблан дар чанд марҳила бо кумаки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират садҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар марзи Русия ва Қазоқистон таҷаммуъ карда буданд, бо автобус аз қаламрави Қазоқистон ва Узбакистон убур карданд ва ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.