Судури муҷаввизи баргузории намози ҷумъа дар Қирғизистон
(last modified Wed, 26 Aug 2020 13:00:15 GMT )
Август 26, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи баргузории намози ҷумъа дар Қирғизистон

Дафтари мудирияти мусулмони Қирғизистон аз лағви маҳдудиятҳо дар масоҷиди ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бо тавваҷуҳ ба коҳиши мавориди корона дар Қирғизистон, маҳдудиятҳое монанди мамнӯияти баргузории намози ҷумъа дар масоҷид бо риояти усули беҳдоштӣ лағв шудааст.

Бо ин ҳол, ҳузур дар масоҷид ҳамчунон барои пирмардон, шаҳрвандони дорои алоими корона ва кӯдакон мамнуъ аст.

Барои афроди одӣ низ ҳузури беш аз 20 дақиқа дар масҷид мамнуъ шудааст.