Ҳалокати раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Афғонистон
(last modified Fri, 13 Nov 2020 14:04:43 GMT )
Ноябр 13, 2020 19:04 Asia/Dushanbe
  • расонаҳо аз ҳалокати Азиз Юлдош раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон хабар доданд.
    расонаҳо аз ҳалокати Азиз Юлдош раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон хабар доданд.

Вазорати дифои Афғонистон аз ҳалокати раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар вилояти Форёб хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, дар амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон Азиз Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар шаҳристони Ғурмочи вилояти Форёб кушта шуд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, дар ин амалиёт ҳамчунин Ҳикмат, писари Азиз Юлдош низ захмӣ шудааст.

Гуфта шуда, Азиз Юлдош дар эҷоди ноамнӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва куштори шаҳрвандони Афғонистон дар вилоятҳои шимолӣ, ба хусус дар Форёб дахолат доштааст.

Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар соли 1997 таъсис шудааст.

Тоҳир Юлдош, раҳбари собиқи ин гурӯҳ соли 2008 дар Покистон кушта шуда буд.

Бар асоси гузоришҳо, ин ҷумбиш равобити тӯлонӣ бо гурӯҳҳои Алқоида ва Толибон дорад ва дар соли 2015 низ бо гурӯҳи ДИИШ байъат кард.

 

Бештар бихонед: