Январ 01, 2021 20:50 Asia/Dushanbe
  • Имсол дар Осиёи Марказӣ аз шаҳрвандон хоста шудааст ҷашни соли навро дар хонаҳо баргузор кунанд
    Имсол дар Осиёи Марказӣ аз шаҳрвандон хоста шудааст ҷашни соли навро дар хонаҳо баргузор кунанд

Маҳдудиятҳои корона сабаб шудааст то мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ монанди бисёре аз манотиқи дигари ҷаҳон соли нави мелодиро дар хона ҷашн бигиранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бинобар тасмими Ситоди марказии мубориза бо вируси ҳамагири корона дар Тоҷикистон, таҷлили густардаи соли нави мелодии 2021 дар ин кишвар мамнуъ шудааст.

Ин мамнуият баргузории барномаҳои ҷамъӣ дар муассисаҳои давлативу хусусӣ, ресторанҳо, мактабҳо ва маҳди кӯдакҳо ва ороста кардани дарахти арча дар майдони марказии шаҳри Душанберо шомил мешавад.

Дар Ӯзбакистон барномаҳои ҷамъӣ бо шароити хосе баргузор мешавад, ба тавре ки афроди ширкаткунанда набояд беш аз 30 нафар бошанд ва бояд гувоҳии мубтало набудан ба корона дошта бошанд.

Дар Қазоқистон ба сокинон тавсия мешавад, ҳангоми ҷашни соли нав эҳтиёт кунанд ва соли навро дар канори хонавода ҷашн бигиранд.

Дар Қирғизистон низ тасмим бар он шуд, ки дар таътилоти соли нави 2021 мелодӣ танҳо дар майдони марказии шаҳри Бишкек дарахти арчаро биёроянд ва дар ҷашнҳо тамоми дастурҳои беҳдоштӣ риоят шавад.

Дар Туркманистон ҳам бо вуҷуди он ки ба таври расмӣ вуҷуди ҳеч мавриди Ковид - 19 таъйид нашудааст, аммо маҳдудиятҳои густарда дар таҷлили соли нави мелодӣ ба иҷро гузошта шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп